• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 35
Имрӯз (12.10.2023) дар доираи силсилавохӯриҳои ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрии навбатӣ бо коллективи устодони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони кафедраҳои умумидонишгоҳии фалсафа, забони англисӣ, тарбияи ҷисмонӣ, педагогика, назарияи иқтисодӣ, забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ масъалаҳои гуногуни фаъолияти кафедраҳоро мавриди таҳлил қарор дод.
Дар партави дастуру супоришҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ омӯзиши забони англисӣ аз синфи 1-ум ба роҳ монда шудааст. Имрӯз Раиси шурои кураторони донишгоҳ Илҳом Ашуров, ки ҳамчун сарпараст дар литсей муаззаф гаштааст, бо хонандагони мазкур...
Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Баҳри натиҷагирӣ аз вохӯриҳои қаблӣ тибқи нақша суҳбати навбатии ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети таърих доир гардид. Ректори...
Имрӯз роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ таваҷҷуҳи зиёд намуда, пайваста тадбирҳои тозаеро рӯйи даст мегиранд. Тибқи дастури ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҷиҳати назорати самтҳои гуногуни фаъолияти Литсей масъулини донишгоҳ вазифадор гаштаанд, ки суҳбату вохӯриҳоро бо толибилмон ва масъулини литсей ташкил намоянд. Раиси шурои кураторони донишгоҳ Илҳом Ашуров дар ин самт...
Ва ё таъсиси гурӯҳи академӣ таҳсилаш бо забони англисӣ ва ташкили Шурои диссертатсионӣ дар саҳаи тиб талаботи замон аст… Таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи тиб зиёд аст. Таҳлили солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҷавонон барои интихоби омӯзиши соҳаи тиб завқи бештар доранд. Факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ аз ҷумлаи макони омода намудани чунин мутахассисон мебошад.
Ба хотири бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дувумин конференсияи байналмилалии «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» роҳандозӣ шудааст, ки дар кори ҳамоиш меҳмонон аз сохторҳои илмию адабии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доранд. Имрӯз (11.10.2023) дар доираи баргузории ин ҳамоиш меҳмонон ба...
Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Дар ҷаҳони муосир, коррупсия яке аз мушкилотҳои ҷиддӣ ва таъхирнопазир буда тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш даровардааст. Ин нуктаи...
Имрӯз ҷавонон ба соҳаи фарматсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисони ҷавон дар омӯзиш ва таҳияи шакли дорувории ватанӣ ва илман асоснок намудани растаниҳои доругӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи дорусозӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, рушди истеҳсоли саноатии дору дар мамлакат метавонад, як ҷузъи муҳимми ҳадафи чоруми стратегии давлат гардад. Ин...
Имрӯз дар толори калони ба номи Ш. Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллӣ ҷаласаи васеи ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ бо намояндаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати...
Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо доктор Соҳибзода Султон Аҳмад Алӣ – раиси Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд. Доктор Соҳибзода Султон Аҳмад Алӣ ҷиҳати иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба бузургдошти Абурайҳони Берунӣ, ки бо ибтикори Академияи милли илмҳои Тоҷикистон дирӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Эълонҳо