• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 43
Имрӯз (12.09.2023) бо ибтикори Консорсиуми «Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Аврупову Осиё», ки ДМТ яке аз муассисони он мебошад, ҷаласаи маҷозии «Мактаби байналмилалии мурофиаи судии ҷиноятӣ» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ беш аз 25 олимони соҳаи мурофиаи ҷиноятии донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Россия ва Ҷумҳурии Узбекистон ширкат намуданд. Дар...
Дар доираи Панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони кишварҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 13 то 14-уми сентябр Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад. Дар замони ҷаҳонишавӣ бояд дар хотир дошт, ки донишгоҳҳо ва марказҳои таълимиро робитаҳои...
Икромзода Баракатуллои Неъматулло – донишҷӯйи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллӣ дар Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ иштирок намуда, дар вазни +71кг сазовори ҷойи аввал гардид. Икромзода Б.Н. баъд аз ғолибият ба Мусобиқаи ҷаҳонӣ роҳхат ёфт. Муборак шавад!
Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти намояндагони Донишгоҳи Шимолу Ғарбии сиёсат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Фан Чёли бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию эҷодӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ буд. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар оғоз меҳмононро ба вазъи имрӯзаи таҳқиқоти илмӣ,...
Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 25010800-и факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадзода Султон Муҳаммад дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, дар ду номиннатсия, якум: "Qualifying Debate Tournament" ва дуюм: "National Debate League Grand Final 2023" иштирок намуда, дар ҳарду номиннатсия сазовори ҷои аввал гардида, бо Ҷоми олимпиада сарфароз гардид. Ҳамзамон, ба даври байналмилалии ин олимпиада роҳхат гирифт, ки...
Имрўз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо намояндагони Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин (роҳбари ҳайат - Ван Ю ) вохӯрӣ намуданд. Меҳмонони олиқадр ҳадаф аз мулоқоти худро ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни илму таълим, пажўҳиши муштарак дар бахшҳои замонавии илм, хусусан омўзиши забону фарҳанг ва технологияи муосир унвон намуданд.
Бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯи курси 2-юми факултети биологияи ДМТ Тимошенко Антон Владимерович ва корманди факултети физика Сафаров Сайфулло дар доираи лоиҳаи "Ташаббусҳои экологӣ" навгоние ташкил намуда, дар 2 деҳоти дурдасти ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Ш. Шоҳин ҳамчун ҳадя супориданд. Ин ҳам бошад лампаҳо бо панелҳои офтобӣ, ошхонаи параболии офтобӣ ва деги тезпаз...
Имрӯз баъд аз роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва меҳмонон аз сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар ҷараёни чорабинӣ зумрае аз устодон бо медалу ифтихорномаҳои фахрӣ қадрдонӣ шуданд.
Роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва қадрдонии устодону кормандон Имрӯз (08.09.2023) бахшида ба таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ифтихор аз ҷашни бузурги миллии давлатӣ - Истиқлол роҳпаймоии осоиштаи ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ доир гардид. Роҳпаймоӣ дар шоҳроҳи...
Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои муҳимро рӯйи кор гирифта, баҳри самтҳои гуногуни таълим, аз ҷумла илмомӯзӣ ва ихтироъкорӣ шароити мусоидро фароҳам меоварад. Ихтирои донишҷӯёни донишгоҳ – Маҳноза Кабирова ва...

Эълонҳо