• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 44
#Сафар_ба_НБО-и «Роғун» Имрӯз,18-уми августи соли 2023 барои ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ рӯзи хотирмону таърихӣ буд. Субҳгоҳ аъзоёни Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" –и ҲХДТ, яъне зумрае аз устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва намояндагони Ҳизми Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз раванди бунёдкориҳои НБО-и «Роғун» боздид...
Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетикӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Таъкид бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби захираҳои зиёди обӣ аст, ки аз ин неъмати бебаҳоро бояд оқилонаю сарфакорона истифода кард. Чунин як лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар...
Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бахшида ба Рӯзи варзишгарон Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон – 10-уми август табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави эҷодиро таманно дорам. Имрӯз соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва...
Неругоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад. Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки неругоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад. Эмомалӣ РАҲМОН Боздиди навбатии...
Эй дидаи интизори даврон, Роғун Ҷон дар бадани ниёзмандон, Роғун. Борони сахот аз абри раҳмат бошад, Эй мазраи сабзи Тоҷикистон, Роғун. Роғун, намакӣ ту дар намакдони Ватан, Ё кулчаи ширмол дар хони Ватан.
09.08.2023 10:39, шаҳри Роғун 9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қисмати ядрои сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд. Ядрои сарбанд аз иншооти муҳими неругоҳ ба шумор рафта, корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию...
Имрӯз (08.08.2023) дар доираи барномаи "Летний институт" дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Москва семинари илмӣ дар мавзуи "Проблематика курса истории стран ближнего зарубежья в программах исторических факультетов вузов России" баргузор гардид. Дар семинари илмӣ декани факултети таърихи ДДМ д.и.т., профессор Л.С. Белоусов, д.и.т. О.В. Солопова ва И.С. Пивовар маърӯза намуданд. Ҳамчунин, дар семинари мазкур дотсенти кафедраи таърихи...
Тибқи бандҳои 7 ва 8-и моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти умумиро бо баҳои аъло хатм намуда, аз аттестатсияи хатм бо муваффақият гузаштаанд, бо аттестати аъло ва медали тилло мукофотонида мешаванд. Имсол хатмкардаи Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фаттоҳов Ҷамолиддин ғолиби...
 Имрӯз (27.07.2023) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2023...
(Ҷараёни Комиссияи қабул) (Ҷараёни Комиссияи қабул)Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар саҳни факултети фалсафаи донишгоҳ, ки дар Шаҳраки донишҷӯён, маҳаллаи Буни Ҳисорак ҷойгир аст, макони қабули довталабон ва ё ба истилоҳ Комиссияи қабулро интихоб намудааст. Имрӯз аввалин донишҷӯёни курсӣ аввал қабул шуданд. Масъулини Комиссияи қабул барои истиқболи довталабон омодагиҳо дида, дар...

Эълонҳо