• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 60
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ Донишгоҳи миллӣ тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ намудааст. Бо ин мақсад имрӯз (29.03.2023) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) комиссияи экспертии Агентии...
Тавре иттилоъ дода будем, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллӣ ва ташаббуси мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Бухориев Абдулазиз, инчунин, устодони кафедраи мазкур ва клуби варзишии донишгоҳ миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардид. Ғолибон аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ...
Паёми табрикии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Қаблан фарорасии Наврӯзи байналмилалиро, ки бо пайки хуҷастаи худ ба табиати куҳандиёр таровати тоза, ба хонадон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили мардум армуғони умеду орзуҳои наҷиб меорад, бароятон табрик...
Имрӯз (18.03.2023) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ҳамзамон, меҳмонон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла доктор Муҳаммад Комил Муайнӣ – муассис ва раиси Донишкадаи байналмилалии дипломатияи фарҳангии Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб), доктор Юсуф Ал – Собирӣ (собиқ сафир) – раиси Шурои мудирони...
Имрӯз қабл аз баргузории чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ барои ҳайати устодону кормандони донишгоҳ озмоишгоҳу толорҳои нав мавриди ифтитоҳ қарор гирифтанд. Толорҳои нав барои устодону кормандон, хусусан барои устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети механикаву математика армуғони наврӯзӣ гардид. Ин ҳам бошад бо дастгирии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ташаббуси декани факултети механикаю математика Қосимов И....
Ҳайати омӯзгорону толибилмони Литсейи равияи тиббию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз Наврӯзи байналмилалиро бо баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳамроҳии чанде аз роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ аз хони омоданамудаи толибилмони литсей боздид намуда, ба омодагии омӯзгорону хонандагон баҳои баланд доданд.
Имрӯз (17.03.2023) бошандагони хобгоҳҳои Донишгоҳи миллӣ Наврӯзи байналмилалиро бо баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд. Қаблан ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ҳамроҳ бо намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ аз хони оростаи истиқоматкунандагони хобгоҳҳо боздид намуда, ба омодагии омӯзгорону донишҷӯён ва оростани хонҳои наврӯзии онҳо баҳои баланд доданд. Ректори...
Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо намояндагони Донишкадаи байналмилалии дипломатияи фарҳангии Дубай вохӯрӣ намуданд. Меҳмонон - доктор Муҳаммад Комил Муайнӣ, муассис ва раиси Донишкадаи байналмилалии дипломатияи фарҳангии Дубай (АМА), доктор Юсуф Ал-Собирӣ (собиқ Сафир), Раиси Шурои мудирони Донишкадаи мазкур ва доктор Аҳмад Ал-Ҷарвон, аъзои Шурои мудирони Донишкада.
Имрӯз дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи сеюми байналмилалии илмӣ-амалии маҷозӣ «Таъмини рушди устувор дар шароити кишоварзӣ, энергетика, экология ва илмҳои Замин” баргузор гардид. Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронии хеш иброз дошт, ки ҳудуди зиёди Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил мекунад ва соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои даромадноки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад....
Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси садорати факултети журналистика нишасту вохӯриҳои судманд миёни устодону донишҷӯёни факултет роҳандозӣ мешавад. Имрӯз (16.03.2023) дар факултети мазкур мизи мудаввар таҳти унвони “Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулоли Осиёи Марказӣ”  бо иштироки муовини директори осорхона-мамнуъгоҳи ба номи А.Д.Поленови вилояти Тулаи Федератсияи Русия, номзади илмҳои иқтисодӣ Д.В. Грушевский доир гардид.

Эълонҳо