ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БУДАН ИФТИХОР ВА МАСЪУЛИЯТ АСТ

18

Имрӯз, дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарси навбатии маҳфили омӯзишии ҷавонон – «Пайравони Пешвои миллат» дар шаҳри Душанбе бо иштироки ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э. С. баргузор гардид.

Дар оғоз ректори Донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Сипас, профессор Насриддинзода Э. С. дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории миллӣ ва рушди соҳаҳои ҳаётии кишвар» суханронӣ намуда, аз ҷумла ба саҳми Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани сатҳи маърифату худшиносии миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ишора кард.

Ӯ таъкид намуд, ки самти кор бо ҷавонон яке аз афзалиятҳои фаъолияти Донишгоҳи миллӣ маҳсуб меёбад ва роҳбарияти Донишгоҳ ҳамеша барои боло бурдани дониш, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси ватандӯстии насли ҷавон тадбирҳои судманд меандешад.

Дарс дар муҳити пурмаърифат баргузор гардида, иштирокчиён бо руҳияи баланди ватандӯстӣ аз он бархурдор шуданд.