ПАНҶ ҶОЙИ ИФТИҲОРӢ ДАР ОЗМУНИ ««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ»

468

Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии

««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», ки бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров доир мегардад, соҳиб 5 ҷойи ифтиҳорӣ (1 ҷойи 1-ум, 1 ҷойи 2-юм ва 3 ҷойи 3-юм) гардида, бо ифтихонома ва туҳфаҳои моливу хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Қобили қайд аст, ки озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, роҳандозӣ шудааст.

Имрӯз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ғолибони озмун вохурӣ намуда, дар самти ҳавасманд намудани онҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.

ҒОЛИБОН БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНУ МАГИСТРАНТОН

Ҷойи 1. Мавлуддин Холов – донишҷӯйи курси 2-юми факултети таърих;

Ҷойи 2. Маҳина Абдураҳмонова – донишҷӯйи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ;

Ҷойи 3. Давлатзода Шоираи Кароматулло – донишҷӯйи курси 3-юми факултети таърих.

ҒОЛИБОН МИЁНИ УСТОДОНУ КОРМАНДОН

Ҷойи 3. Солеҳи Раззоқ – докторанти Ph.D-и соли 2-юми кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ;

Ҷойи 3. Расулзода Аслам Зафар – ассистенти кафедраи равандҳои сиёсии факултети фалсафа.

Ғолибият муборак!