ПАРЧАМ – АХТАРИ МИЛЛАТ ВА ҚУДРАТИ ЛАШКАР

216

Бистучоруми ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни яке аз рамзҳои давлати соҳибихтиёри худ- Парчамро дар шароити сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ истиқбол мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш қайд намуданд,ки Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат асту ҷилваи Парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст.

Парчам рамзи давлатӣ ва истиқлолияти сиёсӣ, таҷассумгари орзуву омори ҳазорсолаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик аст. Гуфтанием, ки парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимии давлатсозиву давлатдорӣ мебошад, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси онҳо буд. Дар ин маврид тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиёнро, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист.

Бояд зикр намуд, ки дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд. Дар Парчами давлатии Тоҷикистон рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу муборизаҳои халқи тоҷикро барои озодиву истиқлол ва барпо намудани зиндагии осудаву поянда ифода карда, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзҳои барои миллати мо муқаддас соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистонро инъикос менамоянд. Аксарияти муҳаққиқон ба ин натиҷа расидаанд, ки дар давоми бештар аз чор ҳазор соли маълуми таърихи дирафшҳо, ки аввалини онҳо дар Бобулу Мисру Чин пайдо шудаанд, қавмҳои ориёӣ дар ҷаҳон бори нахуст дирафши давлатиеро ба вуҷуд оварданд, ки ба нишонаҳои имрӯза монанд буданд. Яъне, бо ифтихор метавон гуфт, ки аҷдоди пуршарафи мо аз ҷумлаи асосгузорони дирафшҳои шоҳиву давлатӣ дар олам мебошанд, ки офаридаҳояшон то ба имрӯз қариб дар ҳамон шакл боқӣ мондаанд. Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон 165 метрро ташкил медиҳад, ки мутобиқи маълумоти мутахассисон (то соли 2013) дар ҷаҳон баландтарин буда,тули матои он ба 60см ва паҳноиаш ба 30см баробар аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муътақид бар он аст, ки парафшонии парчам дар ҳар гӯшае байёнгари мавҷудияти миллат ва давлат аст. Дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва бинои дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, ки Тоҷикистон узви онҳо мебошад, парчами мо нурафшонӣ мекунад. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ роҳбалади Сарвари давлат буда, ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ боло мешавад. Мавриди зикр аст, ки парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла, барои мо- тоҷикон муқаддас аст. Дар назди парчами давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунад. Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯйи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад, зеро мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд.

Талабшо Раҷабалиев, корманди ДМТ