ПАРЧАМ – РАМЗИ ОСОИШТАГӢ

534

Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.

Ин аст, ки таърихи 24-ноябри соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расонид, ки бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат ва тантанаҳои идона таҷлил мегардад.

Ҳамаи мардуми кишвар шоҳиди он буданд, ки дар арафаи 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне 30 августи соли 2011 дар пояи махсус, парчами Тоҷикистон баландтарин бурҷи парчам дар ҷаҳон, дар маркази пойтахти мо шаҳри Душанбе, дар канори чапи Қасри Миллат ифтитоҳ гардид. Ҳамин тавр парчами Тоҷикистон бо сутуни дорои баландии 165 метр ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Худи ҳамин сол, яъне 9 сентябри 2011, дар рӯзи таҷлили 20-солагии Истиклолияти Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд, ки ин аз ватандустиву ватандорӣ ва ифтихор аз давлатдории навини тоҷикон шаҳодат медиҳад.

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизам ва кулли ҳамкасбону устодони гиромиро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

Шоев М.Ҷ., дотсенти кафедраи зоологияи факултети биологияи ДМТ