ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – НИШОНАИ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА МУТТАҲИДКУНАНДАИ МИЛЛАТ

317

Парчами давлатӣ ҳамчун нишонаи соҳибихтиёрӣ ва эътирофи давлат аз ҷониби субъектони муносибатҳои байналмилалӣ, дар муттаҳидии аҳолӣ баҳри ҳифзу гиромидошти арзишҳои нуҳбагонии давлату миллат, ташаккули суннатҳои таърихан ташаккулёфта, таъмини муташаккилии назму субот ва ифодаи зоҳирии мақсаду мароми тамоми халқ нақши калидӣ дорад.

Он ҳамчун омили сарнавиштсоз баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва ҷомеаи воқеан шаҳрвандии ташаккулёта равона шуда, нишонаи муҳими шинохти давлат ба ҳисоб меравад.Парчами давлатӣ дар баробари ҳамчун муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафтан, яке аз муҳимтарин рамзҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад, зеро тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда зимни ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ ба ин рамзи давлатӣ арҷ гузошта шуда, бо назардошти мақсаду маром ва ҳадафҳое, ки ба таври зоҳирӣ дар Парчам инъикос ёфтааст ҳокимияти давлатӣ ба амал бароварда мешавад.

Кишвари мо ҳамчун давлати соҳибихтиёр аз ҷониби зиёда аз 178 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шуда, дорои парчами давлатӣ ва дигар муқаддасотҳои миллии марбут ба эътирофи давлат мебошад.

Яке аз масъалаҳое муҳиме, ки баҳри муттаҳидии тамоми сокинони кишвар дар иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин қабул ва ба тасвиб расидани рамзҳои давлатӣ аз ҷумла Парчами давлатӣ буд.

Минбаъд, дар ҳамин иҷлосия санаи 24.11.1992 сол, муҳимтарин рамзҳои муттаҳидкунандаи давлатдории навини миллӣ, Парчами давлатӣ қабул шуд, ки дар таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсии сокинони кишвар нақши назаррас гузошта, боз ҳам умеди сокинонро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ 6.11.1994 сол, қабул гардид, ки минбаъд баҳри таҳкими ҳуқуқии Парчами давлатӣ дар моддаи 3 муқаррароти алоҳидаи меъёриро бо мазмуни зерин “Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад” муқаррар намуд, ки он заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ба тасвиб расидани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оиди муайян кардани вазъи ҳуқуқии Парчам ба ҳисоб мерафт.

Бо мақсади муайян намудани вазъи ҳуқуқии Парчами давлатӣ санаи 11.12.1999 сол, №892 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ карда шуд, ки парчами давлатиро ҳамчун рамзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, моҳият ва тарҳи онро муқаррар намуд.

Минбаъд, бо дарки эҳсоси масъулияти баланд ва муҳимияти арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, ки ифодакунандаи ҳадафҳои волои давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд, вазъи ҳуқуқии Парчами давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ” аз 12.05.2007 муқаррар гардида, Низомномаи мазкур аз эътибор соқит карда шуд. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии Парчами давлатӣ, андоза, тартиби барафрохтан ва ҷойгиркунии онро муқаррар намуд.

Дар асоси муқаррароти моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ” аз 12.05.2007, №254 тасдиқи рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ ба салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуда, тартиби тайёр кардан, андоза истифода бурдан, нашри оммавии тасвир ва нигоҳдории Парчами давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муҳимтарини истиқлолият давлатӣ аз ҷониби мақомоти махсуси ваколатдор-Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, аз ҷониби мақомоти махсуси ваколатдори дигар-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби тайёр кардани он муқаррар карда мешавад.

Он дарбаргирандаи суннатҳои таърихан ташаккулёфта ва арзишҳои нуҳбагонии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, бо назардошти роҳи интихобнамуда ва тайнамудаи халқи тоҷик дар масири таърих тасвир карда шуда, ифодаи шакли зоҳирии истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, Парчами давлатӣ, рамзи муҳими эътирофнамоии давлат аз ҷониби дигар субъектони муносибатҳои байналмилалӣ буда, фаъолияти мақомоти олӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пояи арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Парчами давалтӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ, ифодаи андешаи миллӣ, зиракии сиёсӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ нақши калидӣ дошта, дарбаргирандаи унсурҳое мебошад, ки ба миллати тамаддунофари тоҷик хос аст.

Бо дарназардошти муҳимият ва арҷ гузоштан ба ин муқаддасоти миллӣ аз ҷониби Асосгузории сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи манораи бузурги Парчами давлатӣ пешбарӣ гардида, аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр ҳамчун рузи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти кишвар манораи бузурги Парчами давлатӣ дар пойтахти мамлакат сохта шуда, 31.08.2011 сол, бо иштироки шахсии Асосгузории сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манораи бузурги Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд, ки ин боиси ифтихори ҳар як сокини шарафманди кишвар мебошад.

Минбаъд, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.08.2013 №1470 Муассисаи давлатии “Боғи Парчами миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки имрӯз ба макони сайёҳати сайёҳони хориҷӣ ва тамоми сокини кишвар табдил ёфтааст.

Эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ вазиваи муқаддаси ҳар як шарванд ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун омили сарнавиштсоз ва пойдевори давлату миллат дар таҳкими фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худшиносиву ҳувияти миллӣ ва муттаҳидии кулли сокинони кишвар баҳри пойдории сулҳу суботи сартосарӣ дар мамлакат ва муаррифии суннатҳои таърихан ташаккулёфтаи миллати тоҷик нақши бағоят муҳим дорад.

Эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ вазиваи муқаддаси ҳар як шарванд ба ҳисоб меравад.

Бутаев Маҳмадшариф Қодирович мудири кафедраи экология