ПАРТАВИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ШЕЪРИ МУОСИР: КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ГУЛНАЗАР ВА ШЕЪРИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ”

19

Ба ифтихори ҷашни 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, устоди суханвар ва шахсияти маъруф – Гулназар Келдӣ дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Гулназар ва шеъри замони Истиқлол” баргузор гардид.

Маҳфили илмӣ бо суханони ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ва декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ҳусни оғоз ёфт.

Дар конференсия намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устодони донишгоҳ, муҳаққиқони соҳаи адабиётшиносӣ ва донишҷӯён иштирок намуда, дар фазои илмӣ ва фарҳангӣ андешаву таҳқиқоти худро оид ба ҳаёт ва осори ин абармарди сухан баён карданд.

Аз ҷониби иштирокчиёни конференсия маърӯзаҳои ҷолибу муҳиме бо мавзуъҳои зерин ироа гардиданд: “Симои модар дар ашъори Гулназар”, “Навпартозиҳо дар шеъри Гулназар”, “Гулназар – сардабири маҷаллаи «Пайванд»”, “Шоири маъруф ва шахсияти маҳбуб”.

Маърузаҳо ба таври амиқу илмӣ таҳлили паҳлуҳои мухталифи фаъолияти эҷодии шоирро дар бар гирифта, нуктасанҷона нақши Гулназарро ҳамчун чеҳраи марказии шеъри муосир ва ғояпарвари асри Истиқлол нишон доданд.

Ҳамчунин, барномаи конференсия бо қироати порчаҳои шеърӣ аз осори Гулназар, ки аз ҷониби донишҷӯёни болаёқат пешкаш гардиданд, ранги хоса гирифт. Ин порчаҳои шеърӣ, ки саршор аз муҳаббат ба Ватан, модар, забони модарӣ ва арзишҳои миллӣ буданд, аҳли толорро ба ҷаҳони пурмаънои ашъори шоир бурданд.

Баргузории чунин як ҳамоиши илмӣ-фараҳангӣ бори дигар собит намуд, ки мероси адабии Гулназар на танҳо ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллӣ, балки пойдевори шеъри Истиқлоли Тоҷикистон маҳсуб меёбад.