ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮЙИ ДМТ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ»

19

15 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айни даври ниҳоии даъвати 24-уми озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ донишҷӯёни фаъол ва забондон аз донишгоҳҳои гуногуни кишвар, ки ихтисоси забони чинӣ доранд, дониш ва маҳорати худро дар забон, фарҳанг ва адабиёти қадимаву муосири Чин ба намоиш гузоштанд.

Муродова Лайло — донишҷӯи курси дуюми ихтисоси забони хитоӣ-тоҷикии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо баромади пурмуҳтаво, донишҳои амиқ ва малакаи хуби суханварӣ тавонист сазовори ҷои аввал гардад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки озмуни “Пули забони чинӣ” ҳамасола бо ҳадафи таҳкими дӯстӣ ва фаҳмиши мутақобила миёни ҷавонони кишварҳои гуногун ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида, нақши арзандае дар густариши ҳамкориҳои фарҳангиву забонӣ мебозад.