ПРОФЕССОР РУСТАМ ХАЛМУРОДОВ ДОКТОРИ ФАХРИИ ДМТ ИНТИХОБ ШУД

24

Имрӯз (20.05.2025) барои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ барои фазои дӯстӣ ва ҳамкориҳои илмӣ-маърифатии Тоҷикистону Узбекистон як рӯзи таърихӣ ва хотирмон ба ҳисоб меравад. Дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шурои олимони Донишгоҳ, ки дар толори асосии он бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва дигар намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, доктори илмҳои техникӣ, профессор Халмуродов Рустам Иброгимович бо унвони ифтихории «Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.

Қаблан меҳмонони олиқадр аз намоишгоҳи Донишгоҳ боздид намуданд. Намоишгоҳ аз гӯшаҳои китобҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию таълимии устодону кормандони Донишгоҳ, дастовардҳои Маркази биотехнология ва Парки технологии Донишгоҳ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ ва ғайра иборат буд.

Баъдан ҷаласа бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин оғоз гардид. Ректори Донишгоҳ таъкид намуд, ки ин иқдом дар заминаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарони олии ду кишвари дӯсту ҳамҷавор – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон амалӣ мегардад, ки дар таҳкими муносибатҳои неки ҳамкорӣ, таърихан устувор ва дар замони муосир рӯ ба густариш нақши калидӣ доранд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ дар бораи заминаҳои устувори ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимии Тоҷикистону Узбекистон ва нақши муассир ва созандаи профессор Халмуродов Рустам Иброгимович дар таҳкими ин муносибатҳо суханронӣ намуд. Таъкид намуд, ки шахсияти донишманд ва роҳбари бо таҷрибаи таълимӣ ва илмӣ будани профессор Рустам Халмуродов дар рушди равобити дуҷонибаи муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар саҳми назаррас гузоштааст.

Дар идомаи ҷаласа муовини ректори Донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. суханронӣ намуда, иброз дошт, ки профессор Халмуродов Рустам Иброгимович дорои таҷрибаи ғании роҳбарӣ ва илмӣ мебошад. Ӯ дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа намудааст. Аз ҷумла, декани факултети сохтмонии Институти давлатии меъморӣ ва сохтмонии Самарқанд, муовини ректор оид ба корҳои илмии ҳамон муассиса, ректори Институти давлатии меъморӣ ва сохтмонии Самарқанд, муовини якуми вазири маорифи олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Узбекистон, ҳокими вилояти Самарқанд буд ва айни замон ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш. Рашидов мебошад.

Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. зимни супоридани дипломи доктори фахрӣ ва пӯшонидани либоси махсус (манти) қайд кард, ки доктори фахрии ДМТ ҳуқуқ дорад дар ҷаласаҳои Шурои олимони ДМТ иштирок намояд, дар Донишгоҳ лексияҳо хонад ва тадқиқоти илмӣ гузаронад, инчунин, дар конференсияҳо, симпозиумҳо ва хонишҳои илмӣ ширкат варзад.

Ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш. Рашидов, доктори илмҳои техникӣ, профессор Халмуродов Рустам Иброгимович дар суханронии ҷавобии хеш бо изҳори сипос таъкид намуд, ки сарфароз гардидан ба унвони ифтихории «Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» барои ӯ, пеш аз ҳама, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои баланди илм, маориф ва таълиму тарбия мебошад. Ӯ миннатдории самимии худро ба роҳбарият ва ҳайати бисёрҳазорнафараи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ барои чунин қадршиносӣ ва истиқболи гарму самимӣ иброз дошт.

Ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳ бо супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ба меҳмони олиқадр ва баргузор гардидани барномаи рангини фарҳангии ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳ ҷамъбаст гардид.

Дар идомаи ин сафар муҳтарам Халмуродов Рустам Иброгимович аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ сохта шудааст, боздид намояд.

Ёдрас мешавем, ки ин рӯйдод як қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатии Тоҷикистону Узбекистон арзёбӣ мегардад.