Erasmus+ барномаи ҳамкори дар самти таҳсилот, таълимоти касбӣ, рушди варзиш ва ҷавони барои солҳои 2014-2020 мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузори мешавад.
Барномаи мазкур барои муҳасилине, ки маълумоти олии касбӣ мегиранд, номзад ба дараҷаҳои илмӣ мебошанд ва кормандони пажуҳишгоҳу донишгоҳҳо имкониятҳои васеъ медиҳад. Яке аз чунин имкониятҳо ин иштирок тибқи барномаҳои табодули донишҷуён, ҳайати омузгорон ва кормандон ба ҳисоб меравад. Айни ҳол бошад Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар чорчубаи Erasmus+ бо Донишгоҳи Марбург (Олмон) созишномаи дар бораи табодул дорад.
Интихоб донишҷуён барои таҳсил дар донишгоҳи номбурда ба муддати 1 семестр ба нақша гирифта шуда, дар асоси озмун баргузор карда мешавад. Озмун дар як сол ду маротиба баргузор мегардад. Барои семестри тирамоҳӣ озмун моҳҳои май-июн баргузор мегардад. Барои семестри баҳори бошад озмун дар моҳҳои октябр-ноябр баргузор мегардад. Озмун дар сайти ДМТ эълон карда мешавад. Тамоми шахсоне, ки мақсади иштирок дар озмунро доранд, пас аз эълон метавонанд ҳуҷҷатҳои дар зер номбаршударо омода карда ба бахши тањия ва татбиќи барномањои сармоягузорї ва дарёфти грантњо пешниҳод намоянд.
- Ариза ба номи ректори ДМТ;
- Тарҷимаи ҳол (дар шакли CV Europass);
- Нусхаи шиносномаи хориҷӣ;
- Асосноккунии таҳсил;
- Шаҳодатнома дар бораи дараҷаи забондонӣ (дараҷаи В2, С1 мутобиқ ба дараҷаи байналмилалӣ)
- Транскрипт/Ҷадвали баҳо
- Тавсиянома (факултет)
- Гувоҳнома аз ҷои таълим (факултет)