Ҳамасола дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ – 1-уми сентябр ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин аз таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз (01.09.2025) дар толори калони Донишгоҳ оғози соли нави таҳсил ва дарси сулҳ чун анъанаи солҳои гузашта бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда шуд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Дар доираи ин чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода З. ба Донишгоҳ ташриф оварданд. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. ҷамъомади тантанавиро ифтитоҳ намуда, ҳузури меҳмон ва аҳли нишастро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба дастовардҳои илмию таълимии Донишгоҳ ва шароити хуби таҳсил суханронӣ намуд.
Ализода З. зимни суханронии хеш оғози соли нави таҳсилро аз номи Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли устодону донишҷӯён табрик намуда, ба донишҷӯён омӯхтани илму донишро вазифаи аввалиндариҷа номиданд. Мавсуф оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуд.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯ Саидзода Ф. аз номи хатмкунандагони ДМТ бо таманниёти нек ба хотири такмили минбаъдаи савияи дониш дафтарчаи имтиҳонӣ ва калиди рамзии Донишгоҳро ба намояндаи донишҷӯёни курси якуми Донишгоҳ супорид.
Ҷамъомад бо сухани хотимавӣ ва таманниёти неки ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ба охир расид.



