РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХИДМАТИ ДИПЛОМАТИИ КИШВАР МУБОРАК!

226

Ҳамасола 29 – уми сентябр Рӯзи кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи хотирмон аввалин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти худсолори робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карданд. Ин сана ҳамчун рӯзи таърихӣ ва эҳтиром нисбат ба фаъолияти кормандони соҳа қабул гардид.

Имрӯз ҷашни онҳоест, ки худро ба хидмати Ватан ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ бахшидаанд.

Фаъолият дар ҷодаи дипломатӣ ҳамеша шараф аст. Тули солҳои худсолорӣ дар мақомоти сиёсати хориҷии ватанӣ шахсони дорои андешаи амиқ, тавонмандиҳои баланди касбӣ ва зеҳнӣ фаъолият доштанду доранд. Ин фарзандони Ватан номи мардуми тоҷикро дар ҷаҳон машҳур карда, моҳият ва арзишҳои сиёсати хориҷӣ ва таъриху фарҳанги моро муаррифӣ намуданд.

Тавре аз андешаи Пешвои муаззами миллат бармеояд: Меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар баробари таъмину ҳифзи манфиатҳои миллӣ боз муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён ташкил медиҳад.

Мусаллам аст, ки дар иҷрои ин вазифа донишу таҷриба, ахлоқи ҳамида, одоби муошират, донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан забони кишвари иқомат, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва поквиҷдонии дипломатҳои тоҷик нақши муҳим дорад.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз оғози истиқлоли сиёсии кишвар масъулияти омодасозии кадрҳоро дар самти сиёсати хориҷӣ ва хадамоти дипломатӣ ба уҳда дорад. Ҳайати кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои кишвар дар хориҷа нишон медиҳад, ки маҳз ДМТ кадрҳои шоистаи ин соҳаро омода карда истодааст. Ин вазифа, яъне омода намудани кадрҳои соҳибистеъдод аз мо ҳайати устодон маҳорати баланди касбиро талаб мекунад. Барои рақобатпазир будани хатмкунандагони риштаи равобити байналмилал дар бозори кори ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон, моро мебояд боз ҳам ҷидду ҷаҳд кунем ва дар баробари омӯзиши вижагиҳои касбӣ, ба донишомӯзон садоқат ба Ватан, ифтихори милливу хештаншиносиро талқин кунем.

Айни замон дар шароити шиддат гирифтани рақобати геополитикии кишварҳои абарқудрат, тағйироти бунёдӣ дар низоми равобити байналмилал ва зуури таҳдидҳои муосир дар назди хадамоти дипломатӣ вазифаи ташаккули шароитҳои мусоиди рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандони мо дар хориҷа, ташаббусҳо дар соҳаи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ, мусоидат ба баррасӣ ва ҳалли масоили глобалӣ меистанд.

Барои татбиқи ин ҳадафҳо анвои нави дипломатия ва самтҳои муосири он зарур мебошад, ки дар Консепсияи сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд. Ин ҳолат тарбияи кадрҳои ояндаро бо назардошти вижагиҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, фазои иттилоотӣ, иштирочиёни нави муносибатҳои байналхалқӣ тақозо мекунад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, мехостам ба собиқадорони соҳа – онҳое, ки дар солҳои душвори оғози истиқлол манфиатҳои Ватанро ҳимоя карданд, айни замон бо машварат ва роҳнамоӣ мутахассисони ояндаро таълим медиҳанд, изҳори сипос ва табрикоти самимона намоям. Ҳамзамон, ба кулли устодон, ба вижа устодони факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ, ки кормандони ояндаи хизмати дипломатиро дар заминаи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ тарбия мекунанд, бурдбориҳо хоҳонам.

Ба кулли кормандони соҳа саломатӣ, саодатмандӣ, муваффақият ва комёбиҳои нав ба навро орзмандам.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ректори ДМТ