Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо истифода аз фурсати муносиб Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24-уми ноябр дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, ба устодон, кормандон, донишҷӯёни Донишгоҳ ва дар симои онҳо ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯяд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои муқаддаси кишвар ба ҳисоб рафта, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Он дар мақоми худ равшангари таърих, таҷассумгари сарнавишти миллат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум арзёбӣ мегардад.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфони кишвар шинохта шудааст. Маҳз ба ҳамин хотир, бо фармони Пешвои миллат аз 24-уми ноябри соли 2009 ҳамасола Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Тавре ки Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”. Аз ин рӯ, таҷлили ин рӯзро нишони эҳтироми хосса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд арзёбӣ кардан мумкин аст. Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва фаъолияти пурсамарро таманно дорем.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Бо эҳтиром, раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








