Ҳамасола бахшида ба Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дар Тоҷикистон низ ин идро ба таври хотирмон таҷлил менамоянд.
Ба ин муносибат имрӯз (07.05.2021) бахшида ба 76-умин солгарди Ғалаба дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии тантанавии фарҳангӣ бо иштироки устодону донишҷўёни ДМТ ва намояндагони Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар оғози чорабинии фарҳангӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳозиринро бо ин рӯзи хотирмон самимона табрик намуда, иброз дошт, ки Ғалаба бар фашизм барои мардуми Шӯравӣ ба осонӣ ба даст наомад. Аз ин ҷост, ки Рӯзи Ғалаба барои халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми тоҷик арзиши баландро соҳиб буда, ҳамасола 9-уми май бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Сипас директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, дотсент Рустам Ғаниев меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба ин рӯзи таърихӣ таҳният гуфта, зикр намуд, ки ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстиву хештаншиносии тоҷикон дар ин набардҳо сабақомӯз аст ва ҳифзи ободиву осудагӣ бояд шиори имрўзаи мо бошад.
Дар чорабинӣ, инчунин, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дӯстиву бародарии халқҳо ва ёрии ақибгоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶБВ сабаби асосии ғалаба буд. Таъкид шуд, ки ин ёрӣ дар таъмини талаботи ҷанг бо қувваҳои зинда-одам, лавозимоти ҷангӣ, хӯрока ва дастгирии рӯҳиявӣ таҷассум меёфт.
Муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон (ҶДРФТ) бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарипова зимни суханронӣ қайд намуд, ки ҶДРФТ дар тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои дӯстии қавму миллатҳои гуногун, боз намудани роҳи муколамаи сулҳ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши арзанда дорад. Таъкид гардид, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 55 ҳазор тоҷикистониён ба ордену медал, аз ҷумла 65 нафар ба гирифтани унвони “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” ва 15 нафар ба се ордени “Шараф” мушарраф гардидаанд.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо дар васфи Тоҷикистон ва мардонагиву ҷасорат қироат гардид. Ҳамзамон, баҳри фароғати ҳозирин ва гиромидошти иштирокчиёни ветеранҳои ҷанг ансамбли халқии “Наврӯз”-и ДМТ барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд.