РӮЗНОМАНИГОРОН ВА МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ МИЛЛӢ

357

Имрӯз (29.01.2024) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва наздик ба 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2023 мухтасар сухан намуд. Қайд гардид, ки «Дар соли 2023 ҳайати бисёрҳазорнафараи омӯзгорону кормандон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо руҳу илҳоми тоза фаъолият намуда, дар самтҳои мухталиф корҳои назаррасро ба сомон расониданд”.

Гуфта шуд, ки дар соли2023 барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли хотирмон ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол чандин чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла 32-юмин солгарди таҷлили Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1165-солагии сардафтари адабиёти классики тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, 975-солагии Умари Хайём, 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ, 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, 75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ таҷлил гардиданд, ки саҳми ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён дар таҷлилу баргузории ин ҷашнвораҳои муҳимми давлатӣ назаррас мебошад.

Дар идомаи нишаст ректори донишгоҳ, масъулини сохторҳои дахлдор ва рӯзноманигорон доир ба самтҳои гуногун, аз ҷумла гузаштани донишгоҳ аз Аккредитатсияи байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, татбиқи корҳои анҷомёфта дар робита ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, табодули устодону донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти хориҷи кишвар ва дифои рисолаҳои илмии докторантон саволу ҷавоб намуданд.

Дар охир ректори донишгоҳ Насриддинзода Э.С. бори дигар ҳузури рӯзноманигоронро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки нақши рӯзноманигорон дар муаррифии дастовардҳои миллӣ, хусусан навгониҳои соҳаи илму маориф дар мисоли Донишгоҳи миллӣ, инчунин, тарғиби иқдомҳои саривақтии Пешвои муаззами миллат, дар мисоли соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ муҳим мебошад.