Ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба таҷрибаи андӯхта, маҳорати кордонӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, хизмати содиқонаву бенуқсон ва дигар сифатҳои шахсии кадрҳо бартарият дода шавад
Эмомалӣ РАҲМОН
Сиёсати кадрӣ муҳимтарин ва асоситарин самти фаъолияти давлат ба шумор рафта, он дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин функсия ва вазифаҳои давлат нақши калидиро мебозад. Он маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлат буда, фалсафаи он аз идоракунии илмию амалии захираҳои инсонӣ, зеҳнию ақлӣ ва меҳнатӣ иборат мебошад. Дар навбати худ, татбиқи дурусти он ба давлат имконият медиҳад, ки дар давраи муайяни таърихӣ вазифаҳои дар назди он гузошташударо бо сарбаландӣ ба нафъи давлату ҷомеа амалӣ намояд.
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воҳиди мустақили Донишгоҳ ба шумор рафта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дастурамали вазифавии ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” ва “Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” ба роҳ мондааст. Санадҳои зикршуда, вазифаҳои асосии Раёсати кадрҳо ва корҳои махсусро оид ба амалӣ намудани сиёсати кадрӣ ба таври муфассал ва дақиқ муайян намудааст: банақшагирии масъалаҳои кадрӣ, таҳияи муқаррарот барои ишғоли вазифаҳо ва ҷойҳои кори холӣ, иҷрои вазифаҳои касбии кормандони нав, ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ, илмӣ, педагогӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасонии таълимӣ ва хоҷагидорӣ, муайян намудани талабот ва мутобиқати касбӣ, тағирот дар ҳайати шахсӣ, интихоби кадрҳои баландихтисос, таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи фармоишҳо барои ишғоли вазифаҳои профессор, омӯзгор ва роҳбар, ҳамзамон, танзими интизоми меҳнат. Фаъолияти Раёсати кадрҳо ва корҳои махсусро сардори раёсат ба роҳбарӣ мегирад ва бевосита ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
Раёсат баробари таъсиси Донишгоҳ (21.03.1947) фаъолияти худро ҳамчун “Шуъбаи кадрҳо” оғоз намуда, солҳои 2007-2009 бо номи “Идораи кадрҳо”, солҳои 2009-2014 “Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус” ва аз соли 2014 то ҳол бо номи “Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус” фаъолият намуда истодааст. Аввалин сардори шуъбаи кадрҳо Иванов Ф.Н. буда, инчунин Бухитеяров Г., Волкова Т., Канавин В., Ашуров С., Зарипова М.Қ., Авғонова И., Ғаниева Н., Сабуров С.М., Қосимӣ С.А. ва Сироҷиддини Э. робарии ин ниҳодро ба уҳда доштанд. Айни замон сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Тавқиев Эмомалӣ Шодихонович мебошад.
Дар ҳоли ҳозир вобаста ба шумораи кормандон ва донишҷӯён ва ҳаҷми кор дар назди Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус шуъба ва бахшҳои алоҳида фаъолият мебаранд:
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус (Тавқиев Э.Ш., Каримӣ С.С., Аҳадзода А.А., Наҷмуддинова Г.Ф., Тошева М.И., Раҳматова Н.А., Шарипова Д.А. ва Барфиева Ф.С.):
o Шуъбаи кадрҳои донишҷӯён (Насриддинова С.А., Шарипова Ш.Р.);
o Бахши дипломҳо (Холова Ф.М., Ғаниева Н.);
o Бахши бойгонӣ (Муминов Қ.Н., Одиназода М.Т.).