РОҲҲОИ НАВИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ

44

Дар вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети филологияи рус масъалаҳои гуногуни илмию таълимӣ, равобити байналмилалӣ ва хоҷагию маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Омода намудани мутахассисони донандаи хуби забони русӣ аз ҷумлаи масъалаҳои таҳлилшудаи нишасти мазкур буд. Зимнан таъкид шуд, ки устодони соҳибтаҷриба дар самти ҷалби ҷавонон ба омӯзиши забони русӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон, инчунин, ёфтани роҳҳои нави омӯзиши забонҳои хориҷӣ тадбирҳои амалӣ андешида, садорат дар робита ба ин масъалаҳо корро ҷоннок намояд.

Ҷалби олимону мутахассисони соҳаи забон ва адабиёти рус аз масъалаҳои дигари нишасти мазкур буд. Гуфта шуд, ки яке аз роҳҳои беҳтар гардонидани савияи дониши мутахассисон ва омӯзгорони ҷавони факултет ин машварат бо муҳаққиқону коршиносони сатҳи байналмилалист. Ташкил намудани машвартҳои байналмилалӣ ва курсҳои омӯзишӣ талаботи замони муосир мебошад.

Ректори донишгоҳ дар идомаи суханронӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти таълиму тарбия, кор бо грантҳои байналмилалӣ, ташкили ихтисосҳои нав, инчунин, таъмину тармими синфхонаҳои факултет дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар хотима декани факултет Мухаметов Ғ. ва чанде аз устодони факултет, аз ҷумла Нағзибекова М., Рӯзиева Л. ва Тешаев Х. дар робита ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти факултет суханронӣ намуданд.