РОҲПАЙМОӢ – НИШОНАИ ИТТИҲОДУ ИТТИФОҚӢ

211

Роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва қадрдонии устодону кормандон

Имрӯз (08.09.2023) бахшида ба таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ифтихор аз ҷашни бузурги миллии давлатӣ – Истиқлол роҳпаймоии осоиштаи ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ доир гардид.

Роҳпаймоӣ дар шоҳроҳи назди биноҳои таълимии донишгоҳ сурат гирифт. Дар роҳпаймоӣ ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ, аз ҷумла роҳбарияти донишгоҳ, устодони унвондор, собиқадорон, кормандон, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон – донишҷӯёни «Пайравони Пешвои миллат”, бахши ҷавонону духтарон, омӯзгорону муҳассилини самти тиббию фарматсевтӣ ва литсейи донишгоҳ иштирок доштанд.

Роҳпаймоӣ дар доираи иқдомҳои ташвиқотии роҳбарияти донишгоҳ сурат гирифта, тарроҳии он тарғибгари иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабли ташаббусҳои байналмилалӣ, бунёдкориҳо, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва сохта ба истифода додани «Маҷмааи Истиқлол» иборат буд.

Баъд аз роҳпаймоии осоишта дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҷамомад баргузор гардид, ки дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода иштирок ва суханронӣ намуд. Ҷамъомад бо сухани табрикотии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт.

Муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода дар зимн зумрае аз устодони донишгоҳро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо нишони фахрӣ қадрдонӣ намуд.

Ҳамзамон, ҷумлае аз устодону кормандон бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, ҳамзамон, Ифтихорномаи ДМТ қадрдонӣ шуданд.

Сипас, ҳамчун навиди рӯз дастоварди донишҷӯёни донишгоҳ – Маҳноза Кабирова ва Муҳаммад Тоиров, ки ихтироот бо номи «Роботи ДМТ» унвон гирифтааст, лоиҳаи он рӯнамоӣ гардид. Донишҷӯён зимни рӯнамоӣ изҳор доштанд, ки роботи сохтаи онҳо саволу ҷавоб, тарҷума ва суханронӣ карда метавонад. Робот дар худ беш аз 300 калимаро маҳфуз дошта, дар ҳолати пурра коркард кардани он бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ метавонад сухан кунад.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронӣ ҳайати устодон, кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ва дар симои онҳо мардуми шарифи Тоҷикистонро ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуд. Гуфта шуд, ки роҳпаймоӣ худ нишонаи иттиҳоду иттифоқӣ, сарҷамъию хушбахтии мардумро ифода карда, гузаштан аз майдон башорати зиндагии шоиставу арзандаи мардуми саодатманди кишвар дониста мешавад.

Дар интиҳо чорабинии фарҳангии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ бо иштироки сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ доир гардид.

Ашуралиева Шахзода