РОҲПАЙМОИИ ИДОНАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

15

Имрӯз (22.11.2025) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Роҳпаймоӣ дар шоҳроҳи назди биноҳои таълимии Донишгоҳ сурат гирифт. Дар роҳпаймоӣ устодону кормандон, донишҷӯёни фаъол, хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии назди Донишгоҳ, варзишгарон, афсарони кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳ иштирок намуда, бо бардоштани Парчам эҳтироми ливоро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, арзиши бебаҳои миллӣ ва ҳамчун ифтихори ҷавонони саодатманд ба ҷо оварданд.

Ҷавонони саодатманди Донишгоҳи миллӣ бо нидоҳои идонаи “Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем!”, “Шараф ба ҷавонони даврони соҳибистиқлол!”, “Парафшон бод, парчами Тоҷикистони азиз!”, “Тоҷикистон, ба пеш!” дар даст шиору парчамҳо сарбаландона роҳпаймоӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили ин сана дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ мояи ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфта яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб мешавад.

Дар фарҷом барномаи бошукуҳи фарҳангии ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ ҳамроҳ бо сарояндагони маҳбуби кишвар пешкаши тамошобинон гардонида шуд.