РУШДИ ҲАМКОРИҲО

520

Имрӯз (30.09.2021) сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдулраҳмон Ал-Рашидайн ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мирзамонзода Х.М. вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз имконияту зарфияти илмию таълимии донишгоҳ, хусусан дар самти арабшиносӣ ва барномаҳои таълимӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати густариш бахшидани ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ пешниҳодҳои судманд намуд. Валид Абдулраҳмон Ал-Рашидайн зимни суханронии хеш аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди соҳаи маориф, хусусан самти таълиму таҳқиқ андешаҳои ҷолиб иброз дошт. Мавсуф таъкид намуд, ки сафорат омодааст бо тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Донишгоҳи миллӣ дар самти омода намудани мутахассисон ва иҷрои корҳои илмию таълимӣ ҳамкориро бештар намояд.

Дар охир ҷонибҳо дар самти ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ҳамкорӣ пешниҳодҳои судманд намуда, ҳамчун рамзи дӯстӣ ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.