Рушди ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии Томск

319

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо чанде аз донишгоҳҳои Федератсияи Русия равобити судманд дорад, ки рӯз то рӯз дар самтҳои мухталиф ҳамкориҳо густариш меёбанд. Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Русия аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки имрӯз равобити ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» имрӯз (28.07.2022) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо мовини ректори Донишгоҳи давлатии Томск Погодаев Николай Петрович вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳҳо ва рушди ҳамкориҳои илмию таълимии Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Русия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ректори донишгоҳ дар самти табодули устодону донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони баландихтисос дар риштаҳои илмҳои дақиқ суханронӣ намуд.

Дар навбати худ меҳмон ҳадафи ташрифи худро ба донишгоҳ густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои мухталиф арзёбӣ намудаанд.

Зимнан тарафҳо барои мустаҳкам намудани равобити байналмилалӣ табодули афкор намуда, ҷиҳати омода намудани мутахассисион аз рӯйи равияи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба мувофиқа расида, 14 хатмкардаи донишгоҳ барои таҳсил дар зинаи магистратура ба Донишгоҳи давлатии Томск роҳхат гирифтанд.