ҲАМКОРӢ БО ҶДММ «ПАРАФАРМ»

355

Дирӯз дар доираи ҳамкориҳо директори ҶДММ «Парафарм»-и Федератсияи Русия Кузмин Виктор Тихонович ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои Донишгоҳи миллӣ дар самти дорусозӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд.

Меҳмони олиқадр дар ин самт бо масъулини бахши идоракунии лоиҳаҳои ДМТ Авзалов А., директори Парки технологӣ Юсупов Р. (Халифаев П.-мудири коргоҳи дорусозӣ) ва садорати факултети фарматсевтӣ муҳтарам Раҷабзода Ф.К. мулоқот намуда, дар самти рушди ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.

Зимнан қайд намуданд, ки ДМТ метавонад ҷиҳати рушди муносибатҳои илмӣ-амалӣ ва иқтисодӣ дар самти дорусозӣ бо ширкати «Парафарм» ҳамкории зич намояд. Зеро таҷрибаи ширкати мазкур дар парвариши растаниҳои табобатӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи маводи доруворӣ назаррас мебошад.