РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ НАКУҲАМСОЯГӢ ТАВАССУТИ ИНСТИТУТИ КОНФУТСИЙ

14

Таърихи муносибатҳои дуҷонибаи мардумони мо, ки дорои решаҳои амиқи чандинасра мебошанд, аз замони Роҳи бузурги Абрешим маншаъ гирифта, намунаи шоистаи ҳамкории муваффақ аст. Тоҷикистону Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ буда, муносибатҳои мо тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро фаро мегиранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз ҳамсояҳои нек ва шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамкориҳои муваффақ ва ҳасанаи дуҷонибаро дар ҳама самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф, роҳандозӣ намудааст. Дар ин замина омӯзиши забон, фарҳанг, таърих ва тамаддуни ҳамдигар барои рушд ва тақвияти муносибатҳои байниҳамдигарӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Чунин муносибати давлати Чин бо дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ба назар мерасад. Дар ин самт метавон аз таъсис ва фаъолияти густурдаи институтҳои Конфутсийи назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ин давлатҳо ёдовар шуд.

Дар робита ба ин, санаи 07-уми июли соли 2024 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин дар ҳамоиши илмии “Донишкадаи Конфутсий ва омӯзиши мутақобилаи тамаддунҳо”, ки ба истиқболи 20 солагии таъсисёбии Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар сатҳи баланд баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд. Дар чорабинии мазкур Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Норбоева, аъзои Кумитаи доимии Бюрои сиёсии Анҷумани 21 Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раис ва котиби ҳизбии кумитаи доимии 19-умин Маҷлиси умумичинии намояндагони халқ Ҷао Лэҷи, вазири маориф, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон К.А. Шарипов, вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин Хуай Ҷинпэн, муовини раис ва Котиби калони Фонди байналмилалии таълимоти забони чинӣ Ҷао Ҷиншан, муовини директори генералии Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Чин бо хориҷи кишвар дар соҳаи забони назди Вазорати маорифи Чин Ху Ҷинпин, Котиби генералии кумитаи ҳизбии Донишгоҳи Ланҷоу Ма Сяозе, Ректори Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд Рихсиева Г.Ш., ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. ва як қатор роҳбарону намояндагони муассисаҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат намуданд.

Дар суханронии хеш Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон Т. Норбоева ва аъзои Кумитаи доимии Бюрои сиёсии Анҷумани 21 Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, Раис ва котиби ҳизбии Кумитаи доимии 19-умин Маҷлиси умумичинии намояндагони халқ Ҷао Лэҷи изҳор намуданд, ки таълимоти забони чинӣ дар кишварҳои хориҷ дар таҳким бахшидани муносибатҳои фарҳангии Чин бо ин кишварҳо нақши назаррасро иҷро менамояд.

Вазири маориф, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон К.А. Шарипов дар суханронии хеш ҳузури меҳмононро барои иштирок дар ин ҳамоиш хайрамақдам намуда, таъкид сохт, ки омӯзиши забони чинӣ миёни ҷавонони кишварҳои хориҷ рушд ёфтааст, ки ин талаботи замон буда, барои ҷавонон имкониятҳои зиёдеро фароҳам месозад.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. зимни суханронии хеш атрофи муносибатҳои Тоҷикистону Чин изҳори назар намуда, бо “Ордени Дӯстӣ”- и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин, ки зимни сафари давлатии эшон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст, рамзи дӯстии нек ва бародарӣ шарҳ дод. Сипас, атрофи фаъолияти Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳ суханронӣ намуда, қайд кард, ки таъсис ва фаълияти назарраси Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ шаҳодати сатҳи баланди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи илму фарҳанг мебошад. Ҳамзамон, иброз дошт, ки Донишкадаи Конфутсий дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, озмунҳо ва фестивалҳо фаъолона иштирок намуда, бо ин васила дӯстии миёни мардумони ду кишварро таҳким мебахшад.

Дар интиҳои суханронӣ ректори Донишгоҳ ҳамаи иштирокчиёнро бо таҷлили 20 солагии таъсисёбии Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шодбош гуфта, изҳор намуд, ки ҳамчун муассисаи таълимии пешоҳанги минтақавӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати морифпарваронаи Пешвои муаззами миллат пешгом буда, ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди ҳамкориҳои таҳсилотӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, алалхусус бо донишгоҳҳои Чин ва Осиёи Марказӣ омода мебошад.

Дар охир аз ҷониби ректори Донишгоҳ, профессор Э.С. Насриддинзода ҳамчун рамзи эҳтирому самимият ба раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон, вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, вазири маориф, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.