РУШДИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ТАЪЛИМӢ

482

Имрӯз (25.02.2022) дар доираи ҳамкориҳо бо ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти ДМТ шиносоии донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” гузаронида шуд.

Дар раванди шиносоӣ мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Ҷ. Абдуллоев донишҷӯёнро роҳнамоӣ намуд.  Тағоева Р. -мудири шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии муассисаи мазкур ва корманди муассиса Розиқов М. оид ба фаъолияти муаасиса суханронӣ намуда, дар самти корҳои дипломатӣ пешниҳодҳои судманд намуданд. Зимни суҳбат гуфта шуд, ки донишҷӯён метавонанд давраҳои таҷрибаомӯзии таълимиашонро дар муассиса гузаронида,  сатҳи донишҳои амалии худро бештар такмил диҳанд.