РУТБАҲОИ ҲАРБӢ, МУБОРАК!

426

Имрӯз дар пардави сиёсати ватандӯстонаи Роҳбарияти олии мамлакат раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти ҷой намудани масъулияти ватандӯстиву ватанпарастӣ дар дили ҷавонон пайваста суҳбату вохӯриҳои судмандро ба нақша гирифтааст. Ва яке аз самтҳои фаъолияти донишгоҳ ин баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонон қарор гирифтааст. Ташкили суҳбату вохӯриҳо бо намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сафарбар намудани хатмкунандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз ҷумлаи онҳост.

Дар робита ба ин баҳри таҳким бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва саҳм гузоштан дар тарбияи ҷавонони ватандӯсту хештаншинос бо фармоиши вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо рутбаи ҳарбии «Подполковники эҳтиётӣ» ва мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқи донишгоҳ Муминзода Н.И. бо рутбаи ҳарбии «Майори эҳтиётӣ» сарфароз гардиданд.

Ин навид имрӯз зимни баргузории ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ аз ҷониби сардори кафедраи ҳарбии донишгоҳ Назарзода Д. садо дод.