Имрӯз (10.05.2022) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии иттилоотӣ-тарғиботӣ дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, хонандагони чанде аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва ҷавонон-донишҷӯёни соҳибистеъдоду навовари донишгоҳ иштирок намуданд.
Чорабинӣ аз тамошои дастовардҳои ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар самтҳои мухталиф ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба сиёсати давлатии ҷавонон ва дастовардҳои солҳои охири ҷавонон-донишҷӯёни донишгоҳ суханронӣ намуданд. Таъкид доштанд, ки тайи солҳои охир донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Раҳмонзода Абдулло зимни суханронии хеш аз сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, саҳми ҷавонон-донишҷӯёни Донишгоҳи миллиро дар татбиқи сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои муаззами миллат назаррас арзёбӣ намуд. Дар идомаи чорабинӣ ба зумрае аз кормандон- ҷавонони донишгоҳ сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар интиҳо ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ барномаи рангини фарҳангию фароғатиро манзури тамошобинон гардониданд.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз ҷамъбасти ҳамоиш меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд.