САҲМИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”-и АЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ШИНОХТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

200

Таҳти чунин унвон имрӯз (11.05.2022) дар асоси Нақшаи баргузории вохӯриҳои омӯзгорону кормандони ботаҷрибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ нишасти тарбиявӣ бо донишҷӯёни факултетҳои геология, механика ва математика, муштараки ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Белоруссия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳ Саидов Ҳ.М., профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърих Муллоҷонов Сайфулло, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинов Дониёр, омӯзгори кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа Калонзода Фаридун, мутахассиси шуъбаи тарбияи Донишгоҳ Хоҷаев Д.М. ва омӯзгорони факултетҳо иштирок доштанд.


Дар ҷараёни нишаст аз ҷониби Мулоҷонов Сайфулло саҳми китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар эътироф ва шинохти миллати тоҷик, мақсад аз дастрас намудани китоби мазкур ба ҳар як хонаводаи тоҷик, огоҳ будан аз таъриху фарҳанги оламшумули халқи тоҷик-вазифаи ҳар як ҷавон таҳлилу баррасӣ гардиданд.


Дар суханронии худ профессор Сангинов Д.Ш. масъалаҳои зиракии сиёсии ҷавонон, иҷрои уҳдадориҳои донишҷӯӣ, риояи талаботҳои қонунгузорӣ, мавқеи ҷавонон дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавриди таҳлил қарор доданд. Дар идомаи вохӯрӣ Калонзода Фаридун оид ба худшиносии миллӣ ва нақши он дар инкишофи давлатдорӣ сӯҳбатнамуданд.


Дар тақвияти суханронии меҳмонон мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳ Саидов Ҳусниддин оид ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъсири онҳо ба мафкураи миллии ҷавонон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ дар байни донишҷӯдухтарон ва донишҷӯписарон, иҷрои вазифаи шаҳрвандии худ дар назди Ватан-Модар ибрози андеша намуданд.


Бояд хотиррасон намуд, ки вохӯрии имрӯза дар пасманзари амалишавии Нақшаи баргузории вохӯриҳои омӯзгорону кормандони ботаҷрибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ,  ифтихори ватандорӣ, эҳтироми Ватан-Модар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, мустаҳкам намудани зиракии сиёсӣ,  маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, худдорӣ намудан аз шомилшавӣ ба ташкилоту иттиҳодияҳои ифротгаро, террористӣ, нашъамандӣ, пешгирии радикализми динӣ, хурофот, эмин будан аз таъсири манфии раванди ҷаҳонишавӣ, ҳамчунин огоҳ гардидан аз таъриху фарҳанги оламшумули халқи тоҷик, омӯзонидани Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории соҳаи маориф ва илм, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳ ва дигар масъалаҳои ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон иртиботдошта баргузор гардид.


Тазаккур бояд дод, ки дар асоси Нақшаи мазкур чунин сӯҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёни дигар факултетҳо баргузор мегарданд.