САДА НИШОНЕ АЗ ФАРҲАНГ ВА ТАЪРИХИ ДУРИ ТОҶИКОН

389

Таҷлили ҷашнҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла Сада аҳамияти калони тарбиявию ватандӯстӣ доранд. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудан аз ҷашни Сада имрӯз (22.01.2024) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Сада – рамзи фарҳанги миллати куҳан» баргузор гардид. Қаблан намоиши гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ, ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, оростани дастархони идона, олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш гузошта шуд, ки аз он меҳмонон, роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ боздид намуданд. Ҳамзамон, дар намоишгоҳ зумрае аз дастовардҳои илмию таълимии устодони донишгоҳ маърази тамошо гузошта шуда буд.

Дар зимн дар толори калони донишгоҳ ҳамоиши илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Сада – рамзи фарҳанги миллати куҳан» доир гардид, ки дар кори он муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Президенти академияи кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадулло Асозода, муовини ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Шариф Бобозода ва ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоиши бошукӯҳ бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ ва таманниёти неки меҳмонони гиромӣ оғоз ёфт. Гуфта шуд, ки ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ мебошад.

Зимнан таъкид карда шуд, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд. Ҳамасола дар ин айём мардуми кишвар бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, инчунин, аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода гардонидани манзилу гирду атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ баҳри пешвози Наврӯзи ҳуҷастапай машғул мешаванд.

Инчунин, дар идомаи ҳамоиш устодони донишгоҳ Саъдизода Ҷ., Равшан Р. ва Шарипов Ҷ. суханронӣ намуданд.

Дар бахши фарҳангии ҳамоиш ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ барномаи рангинеро манзури ҳозирин намуданд.