САДОҚАТУ МУҲАББАТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДМТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

161

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбаладии ректори муҳтарами ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. моҳи августи соли ҷорӣ 170 нафар устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ ба НБО-и “Роғун” сафар доштанд. Баъд аз боздид устодону кормандон андешаҳои хешро тариқи ВАО пешниҳоди ҳамватанон намуда буданд.

Инак, бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-умин ноябр таҳти унвони “ШАҲОМАТИ “РОҒУН”” китоб омода ва чоп гардид.

Дар китоб боздид ва таассуроти устодону кормандони ДМТ доир ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки аз сафар ба корзори он ҳосил шудааст, инъикос гардидааст.

Дар ин китоб 50 маводи хурду бузург аз 57 нафар муаллиф фароҳам омадааст. Китоб бо забони фаронсавию русӣ низ мавод дорад ва аз 277 саҳифа иборат аст.

Маводи китоб барои муҳаққиқон, коршиносон, омӯзгорон ва донишҷӯёни макотиби олии кишвар манфиатнок мебошад.

“Маҷмуа…. баёнгари садоқату муҳаббати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Пешвои миллат ва иқдому ташаббусҳои ӯ, хосса дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст.

Дар ин маҷмуа чунин нигоштаҳо гирдоварӣ шуд. Албатта, нигоштаҳо яксон нестанд, дар онҳо вижагиҳои хосса ва умумӣ паҳлуи ҳам омадаанд. Ба ин манзур дар ағлаби нигоштаҳо факту арқоми якранг, мушоҳидаҳои ҳамгун, таманниёти воҳид ба назар мерасад. Ин ҳолати табиӣ ва амри воқеӣ аст, зеро объекти мушоҳида ва манбаи иттилоот барои ҳама як будааст. Ҳамчунин, нигоштаҳо аз рӯйи ҳаҷм ва масъалагузорӣ рангоранг буда, дар ҳар кадоме аз он фикр ва тассуроти тозае ба мушоҳида мерасад, ки баёнгари диду назар, шинохт, муҳаббат ва садоқати муаллифон ба ободкориҳои кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон, бахусус сохтмони НБО-и «Роғун» аст” – омадааст дар китоби “Шаҳомати “РОҒУН”, “Ба ҷойи муқаддима”, саҳифаи 5.

Маҷмааи мазкур бо дастгирии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., мураттибии Қутбиддин Б. – доктори илмҳои филологӣ, профессор, Т. Иҳромов – сармуҳаррири нашрияи “Ба қуллаҳои дониш” ва муҳарририи Мурод Муродӣ – доктори илмҳои филологӣ, профессор омода ва нашр гаштааст.

Муборак бошад!