САФИ ИХТИЁРАН РАФТАНИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ МЕАФЗОЯД…

390

Имрӯз хатмкунандагони Донишгоҳи миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданро шиори хеш шумориданд. Хатмкунандагон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи ҷавонмардӣ медонанд.

Имрӯз (11.05.2022) беш аз 50 нафар хатмкунандагони дигари Донишгоҳи миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

Дар маросими гусели наваскарон муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Собирзода Н.М. ва сардори раёсати таълим Қосимзода С.С. иштирок намуда, дар робита ба ҳифзи марзу буми Ватан ва дастгирии роҳбарияти олии кишвар дар самти сиёсати ҷавонон суханронӣ намуданд.