САФИРИ БЕЛОРУС ДАР ДОНИШГОҲ

485

Имрӯз (16.03.2022) ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сафири Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон В. А. Денисенко мулоқот намуд.

Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти сафир мустаҳкам намудани робитаҳо ва табодули устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бо донишгоҳҳои  Ҷумҳурии Белорус буд.

Нахуст, ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. доир ба вазъи илму таълими донишгоҳ ва робитаи он бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар сухан гуфта, дар самти густариш бахшидани ҳамкориҳо дар заминаи факултети муштаракаи ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Белорус пешниҳодҳои судманд намуд.

Зимнан дар толори калони донишгоҳ вохӯрии  муҳтарам сафир В. А. Денисенко бо донишҷӯён доир гардид. Дар вохӯрӣ В. А. Денисенко оид ба сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Белорус дар самти ҳамкориҳои илмию таълимӣ, ҷалби донишҷӯёни болаёқату илмдӯст дар зинаҳои гуногуни таҳсилот ва омода намудани мутахассисиони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки Донишгоҳи миллӣ бо донишгоҳҳои  Ҷумҳурии Белорус ҳамкории судманд дорад ва дар доираи ин ҳамкориҳо факултети муштараки ДМТ бо МТО Белорус фаъолият мекунад.