САЙҚАЛ ДОДАНИ ДОНИШ ВА ТАРБИЯИ ДОНИШҶӮЁН

466

 Бо мақсади иҷрои Нақша-чорабиниҳои Шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 29.09.2021 дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо иштироки мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М., масъули бахши кураторони донишгоҳ Ашуров И., раиси созмони ҷавонон Икромов Р. ва дигар намояндагони шуъбаи тарбия бо донишҷӯёни курси якуми факултети журналистика вохӯрӣ доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҳимми тарбияи донишҷӯён, аз ҷумла, тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани идеологияи созандаи донишҷӯён, саҳми донишҷӯён дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, иҷрои бечунучарои қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ аз ҷониби донишҷӯён, саҳми донишҷӯён дар роҳандозии корҳои ободонӣ, иштироки фаъоли онҳо дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, риоя кардани фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, худдорӣ намудан аз воридшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва монанди инҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур беҳтар намудани сатҳи тарбияи донишҷӯён мебошад.

Шуъбаи тарбияи донишгоҳ минбаъд низ чунин ҷаласаҳоро миёни донишҷӯёни факултетҳои дигари донишгоҳ баргузор менамояд.