АМОНАТБОНК ИМКОНИЯТҲОИ НАВИ ХИЗМАТРАСОНИРО ПЕШ ГИРИФТААСТ…

479

Муддатест, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» миёни устодону кормандони донишгоҳ дар самти пешбурди барномаи нави хизматрасонӣ Қарзҳои ғайринақдӣ (овердрафтӣ) ва «Пардохтҳои ғайринақдӣ» семинарҳои омӯзишӣ доир мегардад.

 Имрӯз (14.05.2022) чунин семинар миёни устодону кормандони раёсат, факултетҳои химия, тиббӣ ва фарматсевтии донишгоҳ доир гардид. Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи қарзҳои овердрафтӣ Мастура Ёқубова ва иқтисодчии пешбари шуъбаи мазкур Иззатзода Шомил иштирок намуданд. Дар ҷараёни семинар таъкид шуд, ки Қарзҳои ғайринақдӣ (овердрафтӣ) ва «Пардохтҳои ғайринақдӣ» (дар мисоли замимаи мобилии «Амонат мобайл») барои устодону кормандон ва дар умум барои муштариёни бонки мазкур имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст. Дар семинар масъулин дар самти сари вақт пардохт намудани маблағҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ (барқ, об, камуналӣ…) ва гирифтани қарзҳо бо фоизи паст, инчунин, сарфаи вақти корӣ ва беҳтар намудани фарҳанги истифодаи пул суханронӣ намуданд.

 Зимнан таъкид шуд, ки масъулини Амонатбонк дар робита ба сари вақт дастрас намудани маблағҳо, хизматрасонии бонкӣ, афзун намудани миқдори бонкаматҳо ва ҷалби бештари муштариён тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуда, умед аст, ки дар кутоҳтарин муҳлат имкониятҳои нави хизматрасонӣ корбаст менамояд. Дар робита ба ин масъалаҳо суолу ҷавоб сурат гирифт ва гуфта шуд, ки дар доираи имкониятҳо баррасӣ мешаванд.