Имрӯз (1.07.2021) дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони Донишгоҳи миллӣ ғолибони озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ – 2021» қадрдонӣ шуданд.
Зимни баргузории ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз дастовардҳои чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ ёдоварӣ шуда, ғолибони озмуни мазкурро самимона табрик намуд. Гуфта шуд, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ озмуни корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ – 2021» доир гардид ва дар он дастаи Донишгоҳи миллӣ ғолиби панҷ ҷойи аввал, се ҷойи дуюм ва ҳашт ҷойи сеюм гард. Зимнан ғолибони озмун ва роҳбарони илмии онҳо бо «Ифтихорнома»-и ДМТ ва мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Ҷойи аввал: Мирзозода Умедҷон – донишҷӯи факултети химия, Маҳноза Кабирова – донишҷӯи факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва Муҳаммад Тоиров – донишҷӯи факултети журналистика (муштарак дар бахши технологияи информатсионӣ), Шарифҷон Шамсов – донишҷӯи факултети молиявию иқтисодӣ, Сайдалиён Муҳаммадҷони Носирзода магистранти факултети ҳуқуқшиносӣ ва Ғаффорзода Фахриддин – магистранти факултети филологияи тоҷик.
Ҷойи дуюм: Фирдавс Ёрмаҳмадов – донишҷӯи факултети химия, Муҳибулло Ғолибов – донишҷӯи факултети геология ва Ҳамроз Хоҷаев – донишҷӯи факултети фалсафа.
Ҷойи сеюм: Зиёвиддини Маҳмадалӣ – донишҷӯи факултети механикаю математика, Мирзозода Беҳрӯз – донишҷӯи факултети физика, Расулзода Фирӯз – донишҷӯи факултети химия, Исломиддин Азимов – донишҷӯи факултети геология, Ҳабибуллозода Алишер – донишҷӯи факултети иқтисод ва идора, Аловиддин Сафаров – донишҷӯи факултети таърих, Хайринисо Эгамова – донишҷӯи факултети филология ва Абдуманонзода Зайнаб – донишҷӯи факултети фалсафа.
Дар идомаи ҷаласа дар робита ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти илмию таълимӣ ва хоҷагидории донишгоҳ гузоришҳо шунида шуданд.