ШӮРО: СУХАН АЗ ДАСТОВАРДҲО

602

Имрӯз (05.11.2021) дар оғози ҷаласаи васеи Шӯрои олимони ДМТ дастовардҳои чанде аз устодону кормандони донишгоҳ муаррифӣ ва зумрае аз устодон бахшида ба 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. устодони зерини донишгоҳро барои дастовардҳои назаррасашон самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуданд.

БО «АЪЛОЧИИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»:

 Мирзо Солиҳов – профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филология;

Абдувалӣ Қушматов – профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърих.

БО «АЪЛОЧИИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»:

Баҳром Тағоев – мудири кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии факултети иқтисод ва идора;

Сӯҳроби Мирзоалӣ – дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистика;

Раҳимҷон Аҳмадов – дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идора;

Шоҳҳусайн Амирхонов – мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафа;

Хайём Тешаев – мудири кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангии факултети филологияи рус;

Сайдализода Шодмон – мудири шуъбаи магистратура;

 Шарифзода Саъдӣ – мудири шуъбаи назорати сифати таҳсилоти раёсати таълим;

Мустафо Ҷоналоев – муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ.

БО ИФТИХОРНОМАИ ДМТ:

Н.Шаъбонов – мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар ҶТ, Рустам Н. – сардори раёсати илм, Ҳ.Саидов – мудири шуъбаи тарбия, М.Маликова – корманди бахши равобити байналмилалӣ, Н.Аброров – мудири шуъбаи музди меҳнат, З.Мирзоназарова – муҳосиби пешбари музди меҳнат, Ҳ. Бобохонов – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, А.Наҷмиддинов – мудири кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқӣ, Н.Назруллоев – устоди факултети физика, Исмоилзода Э. – мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони англисӣ, Б.Наврӯзшоев – устоди факултети забонҳои Осиё ва Аврупо.

 МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲО:

Ғаниҷон Ғаниев – донишҷӯйи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, ғолиби ҷойи аввал дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини «Дзю-до»;

Бузургмеҳри Сайфуллозода – донишҷӯйи курси 1-уми факултети молиявию иқтисодӣ, ғолиби ҷойи 2-юм дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ (ш. Хуҷанд);

Шаҳриёр Асадов – донишҷӯйи курси 3-юми факултети иқтисод ва идора, ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи намуди варзиши «Бодибилдинг». Дар идомаи ҷаласа роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни илму таълим гузоришҳо баррасӣ гардида, қарори дахлдор қабул шуд.