Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия ҷамъбаст гардид. Ғолиби Шоҳҷоиза бо гирифтани 253, 5 хол хонандаи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо дониста шуда, ба ӯ Шоҳҷоиза ва мукофотпулӣ тақдим гардид.
Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмуни мазкур, волидайни иштирокдорон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.
Чорабинӣ бо сухани табрикотии Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода оғоз ёфт. Сипас аз ҷониби Раиси комиссияи Озмун ғолибони чор номинатсия муаррифӣ ва бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар даври хотимавии озмуни мазкур гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналхалқӣ Шабнам Одинаева аз ҷумлаи донишҷӯёнест, ки дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» сазовори ҷойи аввал гардид.
Ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. дар вохӯрӣ бо иштирокчиёни даври хотимавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» донишҷӯёнро самимона табрик намуда, бо «Ифтихорнома» ва мукофотпулӣ қадрдонӣ намуд.