ШАНБЕГӢ ДАР ҲУДУДИ БИНОҲОИ МАРКАЗӢ

292

Ҳисси зебоипарастӣ, нигоҳдории арзишҳои табиӣ, ободу зебо гардонидани атроф ва умуман муҳити зист яке аз хислатҳои неки инсонӣ ва суннатҳои ниёгонамон ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки бо ибтикори шаҳрдории кишвар ва роҳбарияти навоҳии ҷумҳурӣ рўзҳои охири ҳафта дар кишвар рўзи шанбегӣ эълон шудааст. Донишгоҳи миллӣ яке аз марказҳои бузурги илмӣ буда, аксар биноҳояш дар маркази пойтахт ҷойгир аст. Ҳамарўза корҳои тозагию ободкорӣ аз ҷониби масъулин хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, имрўз шанбегии умумидонишгоҳӣ дар назди бинои асосӣ ва биноҳои таълимии Литсейи равияи табиию риёзӣ ва кафедраи умумидонишгоҳии ҳарбӣ гузаронида шуд. Кормандони бахши хоҷагӣ ва устодону кормандони литсейю кафедра дар шанбегӣ ҷалб шуданд.