ШАРҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДМТ

909

Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ нисбат ба омӯзишу таҳлили ҳаматарафаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои гуногуни кишвар вохӯриву ҷаласаҳо, семинару конференсияҳо гузаронида шуда истодаанд. Ин имконият медиҳад, ки паҳлуҳои гуногуни Паёми имсоларо ба қишрҳои гуногуни ҷомеа ба таври сода ва фаҳмо расонида шавад.

Бо ин мақсад имрӯз (15.02.2021) дар толори калони ДМТ таҳти унвони «Нақши Паёми Пешвои муаззами миллат дар рушди сифати таҳсилот» ҷамъомад баргузор гардид. Сараввал, ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, афзуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 муҳимтарин ҳуҷҷати барномавиест, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, дурнамои рушди босуботи ҶТ, масоили соҳаҳои гуногуни кишвар ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ шудаанд. Дар идомаи ҷамъомад профессор Хушвахтзода Қ.Х. роҷеъ ба ҷанбаҳои иқтисодии Паём, муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. оид ба паҳлуҳои ҳуқуқии Паём, муовини сардори раёсати таълими донишгоҳ Қосимзода С.С. доир ба ҷанбаҳои иҷтимоӣ- таълимии Паём ва устоди факултети фалсафа Сафарализода Х.Қ. оид ба паҳлуҳои сиёсии Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат маърӯза намуданд.