“ШОҲНОМА” – ОИНАИ ХУДШИНОСӢ

25

Дар ҳошияи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии тоҷикистон силсилавохӯриҳои маърифатӣ идома доранд. Дар доираи ин ташаббус имрӯз (11.04.2026) вохӯрии судманд бо иштироки намояндагони Донишгоҳ, садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ва масъулини кафедраи ҳарбӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии декани факултети филологияи тоҷик, профессор Сироҷиддин Эмомалӣ оғоз ёфт. Ӯ зимни баромади худ таъкид намуд, ки “Шоҳнома” ҳамчун шоҳасари безаволи адабиёти классики форсу тоҷик дар тарбияи маънавии ҷомеа, махсусан насли ҷавон нақши калидӣ дорад ва баргузории чунин вохӯриҳо барои таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани завқи китобхонӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ мусоидат менамояд.

Сипас, мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ, дотсент Шерзода Б.С. доир ба мавқеи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар дар доираи қонунҳои миллӣ ибрози назар кард.

Дар идомаи чорабинӣ, дотсенти факултети филологияи тоҷик Ваҳҳобзода Рустам доир ба мақому манзалати “Шоҳнома” дар тарбияи ватандӯстӣ ва парвариши ҳисси худшиносӣ дар байни ҷавонон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки паёми ватандӯстии ин асар имрӯз низ аҳаммияти худро гум накарда, метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон саҳм гузорад.