Шуъбаи бақайдгирӣ ва омор

Барномаи «Раванди таълим» маҳсули кори барномасозони Марказ буда, барои автоматизатсиякунонии раванди таълим мавриди истифода қарор дода шудааст. Аз тарафи кормандони шуъбаи бақайдгирӣ ва омори марказ контингенти гурӯҳҳои академӣ, нақшаҳои таълимӣ, ҷадвали дарсӣ, бақайдгирии донишҷӯён ба фанҳои ҷудошудаи нимсолаи таълимӣ, таҳияи ведомостҳои санҷишию имтиҳонӣ, бақайдгирии омӯзгорон дар ҷадвали дарсӣ ва дигар амалиётҳо дар барномаи «Раванди таълим» танзим ва назорат бурда мешавад. Бо истифода аз барнома коркарди иттилоотии сессияҳои санҷишию имтиҳонии нимсолаи аввал ва нимсолаи дуюм дар шуъбаҳои рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ, ҳам дар низоми таҳсилоти анъанавӣ ва ҳам дар низоми таҳсилоти кредитӣ аз тарафи кормандони шуъбаи бақайдгирӣ ва омор ва шуъбаи таҳсилоти фосилавии Марказ ба роҳ монда шудааст. Дар барнома банди журнали электронӣ роҳандорзӣ карда шудааст, ки омӯзгорон натиҷаҳои холҳои бадастовардаи ҳафтаинаи донишҷӯёнро қайд менамоянд. Натиҷаи холҳои бадастовардаи 16 ҳафтаи донишҷӯён натиҷаи холҳои рейтингии 1 ва 2 ҳисобида мешавад, ки дар барнома ба таври худкор ҳисоб карда мешавад. Коркарди иттилоотии сессия дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои ҳар як даври санҷишу имтиҳон ба барнома ворид карда шуданд. Ҳисобот оид ба натиҷаи донишазбаркунии донишҷӯён аз ҳар як даври сессия ба раёсати Донишгоҳ, раёсати таълим ва шуъбаҳои дахлдор дастрас карда шуданд.

Дар серверҳои Марказ ва сайти донишгоҳ бонки саволномаҳои тестии фанҳои омӯхташаванда гирд оварда шудааст. Дар оғози ҳар нимсолаи таҳсил бонки саволҳо барои таҳрир, такмил ва илова ба кафедраҳои тахассусии донишгоҳ ирсол карда шуданд ва барои қабули имтиҳонҳо пурра омода карда шуданд.