Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ

Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии ДМТ 

Муминов Нозим Исматович

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ҳамчун воҳиди сохтори Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон аз соли 1948 таъсис дода шудааст.

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.

Шуъбаро мудири он роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва озод карда мешавад. Мудири шуъба тамоми фаъолияти кории шуъбаро роҳбарӣ намуда, аз номи донишгоҳ дар асоси ваколатнома дар судҳо ва дигар ташкилотҳо баромад менамояд.

Шуъба фаъолияти худро дар ҳамкорӣ ба раёсатҳо, шуъбаҳо ва дигар бахшҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Дархосту супоришҳои ҷамъиятӣ, додани ахбор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии тасдиқшударо шуъба танҳо бо иҷозати ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иҷро менамояд. Аз таърихи 02.01.2015 бахши ҳуқуқии донишгоҳ ба шуъбаи таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ табдили ном кард.

Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори шуъба 3 нафар корманд фаъолият менамояд.

Мудирони шуъба:

-аз соли 2001 то 06.02.2013 мудирии бахши донишгоҳро Нақибов Аҳмадҷон, ки 13.04.1953 дар ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст, ба уҳда дошт;

-аз 06.02.2013 ба ҳайси мудири шуъбаи таъминоти ҳукуқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муминов Нозим Исматович ба фаъолият шурўъ намудааст. Номбурда 15 сентябри соли 1974 дар ноҳияи Ҳамадонӣ (Москва) таввалуд шуда, солҳои (1991-1996) Донишгоҳи Қўрѓонтеппа ба номи Носири Хусравро хатм намуда, соли 2005 факултети ҳуқуқшиносӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ – 1-24010200 хатм карда, аз 03.01.2009 ба ҳайси мушовир-ҳуқуқшинос дар шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даромада, ҳоло ба ҳайси мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ кору фаъолият дорад;

-мушовир–ҳуқуқшинос – Ҳалимов Музафар Раҳмонович 7 июни соли 1983 дар шаҳри Душанбе таввалуд шуда, соли 2005 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ – 1-24010200 хатм намуда, аз 03.01.2009 ба ҳайси мушовир – ҳуқуқшинос ба кор қабул шуда, аз 14.11.2011 ба таври интикол ба вазифаи сармутахассиси бахши такмили ихтисос ва кор бо шаҳрвандони хориҷии шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ гузашта, аз 22.07.2014 бо хоҳиши худ аз вазифааш озод шуда, аз 12.01.2015 инҷониб ба ҳайси мушовир–ҳуқуқшинос дар шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад;

-мушовир–ҳуқуқшинос – Акбарова Зулхумор Мухитдиновна 21 ноябри соли 1977 дар шаҳри Душанбе таввалуд шуда, соли 2006 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ – (1-24010200) хатм намуда, аз 2011 инҷониб дар шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ба ҳайси мушовир–ҳуқуқшинос фаъолият мекунад.

ВАЗИФАҲОИ ШУЪБА

-Назорати иҷрои қонунҳоро дар соҳаи маориф таъмин менамояд.

-Ба кормандону омўзгорон, шаҳрвандони корафтода оид ба масъалаҳои ба миёномада маслиҳатҳо медиҳад.

-Мактубу аризаҳо ва дархосту шикоятҳои ба шуъба воридшударо саривақт дида баромада, ба муаллифон ҷавоб омода менамояд.

-Таҳияи босифати муҳлатноки санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои хизматии раёсат, шуъба, бахшҳои донишгоҳро таъмин менамояд.

– Баррасӣ, таҳрир ва барои имзо пешниҳод намудани лоиҳаи фармоишҳо, барномаҳои соҳаи таълим, қарорҳои Шўрои олимон, маҷлиси назоратии назди ректор, маълумотнома, ҳисоботҳо, нақшаҳои корӣ, аризаю мактубҳои раёсат, шуъба ва бахшҳои донишгоҳро таъмин менамояд.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБА

-Шуъба дар доираи ваколатҳояш лоиҳаи фармоишҳо ва қарорҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро таҳия менамояд.

-Аз рўйи иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шўрои олимон, қарорҳои маҷлиси назоратии назди ректор ва фармоишҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба зиммаи шуъба гузошта шудааст, назорат бурда, аз рафти иҷрои онҳо ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон   маълумотнома омода менамояд.

-Фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва талаботи принсипи волоияти қонун дар соҳаи маориф ба амал мебарорад.

-Мураттабсозии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, қонунҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

-Ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ, шароитҳои иқтисодӣ-иҷтимоии кормандони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро таъмин мекунад.

-Қабул, коркарди сари вақтии ҳуҷҷатҳо ва барои имзо омода намудани онҳоро таъмин менамояд.

-Оид ба паҳлуҳои гуногуни ислоҳоти соҳаи маориф, ки аз мулоқоту суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору қонунҳои маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, силсилаи мақолаҳо таҳия менамояд.

-Оид ба масъалаҳои дахлдори дар салоҳияташ буда мактубҳои дастурӣ ва ҳуҷҷатҳои дигарро интишор менамояд.

-Иҷрои мунтазами супоришҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро таъмин мекунад.

ҲУҚУҚҲОИ ШУЪБА

-Мувофиқи вазифаҳои хизматӣ ва тартиби муқарраршуда бо раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мукотиба карда, барои иҷрои супоришҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон онҳоро сафарбар карда метавонад.

– Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифро таҳия менамояд.

-Шуъба аз раёсатҳо, шуъбаҳо ва дигар бахшҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  маълумоти заруриро талаб менамояд.

-Риояи талаботҳои қонунгузории соҳаи ҳифзи меҳнат, интизоми меҳнат ва Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро талаб менамояд.

-Дар ҳолатҳои муайянкардаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои заруриро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод мекунад.