ШУРО: МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС

627

Имрӯз (26.11.2022) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. чанде аз дастовардҳои назарраси устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро муаррифӣ ва қадрдонӣ намуд.
Дар ҷаласаи  ба иштирокчиёни чорабиниҳои сиёсӣ-маърифатӣ, ғолибияти устодону донишҷӯён дар ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ (маҷозӣ), гирифтани нишону медалҳои фахрии устодону донишҷӯён дар форум ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, соҳиби дипломи номзадӣ гаштани устодон, ғолиби озмуни беҳтарин донандаи Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гардидани донишҷӯ, иштирок ва ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои варзишии дохилию хориҷӣ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд. 
Ҳамзамон, дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба Ректори донишгоҳ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ва таъмини иштироки фаъолонаи дастаи варзишгарон дар Фестивали 3-юмин дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст», ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябр то 14 ноябр миёни муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт баргузор шуда буд, ҷом ва сипоснома супорида шуд.
Ректори донишгоҳ устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро барои дастовардҳои илмӣ-эҷодӣ самимона табрик намуда, дар робита ба афзун намудани навкориҳо дар ҳаёти илмию таълимӣ ва равобити байналмилалӣ тавсеаҳои судманд дод.
Дар қисми дуюми ҷаласа як зумра гузоришҳо дар робита ба масъалаҳои мухталифи донишгоҳ шунидаю баррасӣ шуданд.