СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ КОР БО ЗАНОН

157

Ҳукумати кишвар бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар доираи имкон дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд ва бо ибтикороти созандаашонро доимо дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз (7.12.2023) дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Гулсара Бобосодиқова вохӯрии донишҷӯдухтарон дар заминаи курси омӯзишии “Зан-сарвар” баргузор гардид.

Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии “Зан-сарвар” ба роҳ монда шудааст, ки бо ҷалби омӯзгорони факултетҳо, донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ ва лекторон аз ҳисоби занони сиёсатмадор гузаронида мешавад.

Дарси навбатии курси мазкурро масъули бахши бонувони донишгоҳ Маҷидзода Д. ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки ҳадаф аз ташкилу баргузории курси омӯзишии “Зан-сарвар”, пеш аз ҳама, амалӣ намудани сиёсати давлаӣ дар самти кор бо занон ва оила, омода намудани бонувон ба зинаҳои роҳбарикунанда, пешбурди ғояҳои мухталифи инсондӯстиву ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад.

Сипас Гулсара Бобосодиқова суханронӣ намуда, қайд кард, ки сарварии занон ва дар зинаҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани онҳо яке аз масъалаҳои асосӣ дар сиёсати давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила мебошад. Маҳз бо ташаббус ва ғамхории Пешвои миллат имрӯз бонувони тоҷик дар зинаҳои роҳбарикунандаи самтҳои гуногуни ҳукумати кишвар кору фаъолият намуда, ба қувваи созандаи онҳо ҳукумати кишвар эътимоди комил дорад. Инчунин, Гулсара Бобосодиқова аз таҷриба ва рӯзгори ибратомӯзи худ ба шунавандагони курси мазкур қисса намуд.