СИПОСНОМА БАРОИ ИШТИРОКИ ФАЪОЛ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

73

Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат М.Сатториён, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М.Абдуллозода, вазири маориф ва илм Р.Саидзода, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон А.Азизӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи М. ва директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷ.Файзализода маросими супоридани мукфотҳои пулӣ, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” ба иштирокчиёни даври чоруми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд, баргузор гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат М.Сатториён зимни суханронӣ зикр кард, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тули чор сол аст, ки бо ташаббус ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сар то сари кишвар ҳаводорони зиёдеро ба ҳам оварда, дар муаррифии чеҳраҳои китобхон, донишманд, суханвар ва эҷодкор нақши боризе гузошта истодааст.

Боиси хушнудист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, падару модарон, хонандагону омӯзгорон, донишҷӯёну намояндагони касбу кори гуногун ҷиҳати дастгирии ташаббуси Пешвои миллат тамоми неруи зеҳнии худро равона карда, дар чор зинаи озмун донишу маҳорати худро муаррифӣ карданд.

Дар идома як қатор кормандони Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда дар баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. барои саҳми арзанда дар баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.

Муборак бошад!