СОЗИШНОМАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ПАРИЖ

642

Санаи 4-уми ноябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия сафари расмӣ анҷом доданд. Дар ин сафар Пешвои миллатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекард. Зимни сафар Пешвои миллат бо роҳбарон ва намояндагони дипломатии Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия мулоқот анҷом доданд.

Аз ҷумла, санаи 8-уми ноябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Макрон мулоқот анҷом дода, ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни ҳамкорӣ табодули афкор намуданд ва дар маҷмӯъ 11 санади нави ҳамкориро ба имзо расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мулоқот Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории таҳсилотӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон-Сорбонна ба имзо расид.