Низомномаи таъйин ва пардохти стипендияи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомнома дар бораи муқаррар намудани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 1997, №100), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2010, №923 «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендияҳо» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.
Дар донишгоҳ стипендияи Номӣ амал мекунад, ки онҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф амал мекунанд. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2006, № 124 «Оид ба чораҳои татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 2006, № 1716», стипендияи ба номи Садриддин Айнӣ тибқи қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 28.08.1968, № 247, стипендияи ба номи Бобоҷон Ғафуров мувофиқи қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 14.02.1978, №35, стипендияҳои ба номи С.Б.Эргашев ва А.П. Марковский бо қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 28.06.1990, № 144, стипендияи ба номи Н.Ҳувайдуллоев бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.04.1993, №183, стипендияҳои ба номи З.Ш.Раҷабов, И.Қ. Нарзиқулов, И.Д. Давлатов ва Ҳ.М. Сафаров тибқи қарори ҷаласаи Шӯрои олимони ДМТ аз 26.05.2008, суратмаҷлиси № 13 таъин карда шудаанд.
Ба стипендияҳои номии зерин бошад донишҷӯёни фаъолу ташаббускори курсҳои 2-5-и гурӯҳҳои буҷавии шакли таҳсили рӯзона, ки танҳо бо баҳои «аъло» таҳсил карда, дар корҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳои илмӣ, конфренсияҳои илмӣ-назариявӣ, озмунҳои гуногунсатҳи зеҳнӣ-фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд, инчунин дорои ахлоқи ҳамида мебошанд, сарфароз гардонида мешаванд:
- Стипендияи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Садриддин Айнӣ махсус барои донишҷӯёни факултети филология;
- Стипендияи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ – барои донишҷӯёни факултети журналистика;
- Стипендияи ба номи Мирзо Турсунзода – барои донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо;
- Стипендияи ба номи Бобоҷон Ғафуров – барои донишҷӯёни факултетҳои таърих ва забонҳои Осиё ва Аврупо;
- Стипендияи ба номи Н. Ҳувайдуллоев – барои донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ;
- Стипендияи ба номи З.Ш. Раҷабов – барои донишҷӯёни факултети таърих;
- Стипендияи ба номи И.Қ. Нарзиқулов – барои донишҷӯёни факултети иқтисод ва идора;
- Стипендияи ба номи С.А.Раҷабов – барои донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ;
- Стипендияи ба номи А.П.Марковский ва С.Б.Эргашев барои донишҷӯёни факултети геология;
- Стипендияи ба номи Б.Н.Нарзуллоев – барои донишҷӯёни факултети физика;
- Стипендияи ба номи И.Д.Давлатов – барои донишҷӯёни факултети баҳисобгирию иқтисодӣ;
- Стипендияи ба номи Ҳ.М. Сафаров – барои донишҷӯёни факултети биология;
Илова бар ин дар донишгоҳ стипендияи Президентӣ амал мекунад.