Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон: 35 соли Истиқлолият ва дастовардҳо» баргузор гардид.


Дар ҳамоиш мудири кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Қосимзода Ҷумъахон, директори Донишкадаи Конфутсий аз ҷониби Тоҷикистон Имомзода Маҳина, муовини директор Асозода Ҳусайнӣ, инчунин омӯзгорону шунавандагони Донишкада ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо суханронии мудири кафедраи филологияи Эрон Қосимзода Ҷумъахон ифтитоҳ гардид. Ӯ аз дастовардҳои муҳим ва рӯшани даврони Истиқлол ёдовар шуда, аҳамияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ин марҳилаи сарнавиштсозро барои таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва рушди устувори кишвар таъкид кард.

Сипас, Имомзода Маҳина — директори Донишкадаи Конфутсий аз ҷониби Тоҷикистон, бо иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, зикр кард, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлол мавқеи устувору шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат узви фаъол ва таъсиргузори созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай ва даҳҳо созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ буда, бо кишварҳои гуногун ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.
Ҳамоиш дар фазои илмию фарҳангӣ, дӯстона ва бо руҳияи баланди ватандӯстӣ доир гардида, ба баланд гардидани ҳисси ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлол мусоидат намуд.